Зимни амалиёти махсуси фаврии кормандони милиса дар шаҳри Душанбе миқдори зиёди маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар кӯчаи Мушфиқии пойтахт ҳудуди 5 кило героин мусодира шудааст. «Маводи мухаддир дар дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» бо рақамҳои сохта дарёфт гардида, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 25-солаи шаҳри Кӯлоб Алишер Акбаров боздошт шуд», - зикр мегардад дар иттилои ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки барои муайян кардани дигар афроди дастдошта ба ин ҷиноят чораҳои фавриву ҷустуҷӯӣ андешида мешаванд.