Ба парвандаи ҷиноӣ оид ба гумонбарии сокини шаҳри Хоруғ Димон Ашӯров (Давлатбек Давлатбеков) муҳри махфӣ гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари айбдоршаванда хабар дод, дар ин робита аз ӯ оид ба ифшо накардани маълумоти дастрасшуда дар ҷараёни тафтишот баёнот гирифта шудааст.

Қудратов ба ин қарор комилан норозӣ буда, рӯзи 18-уми феврал доир ба қонунӣ будани гузоштани муҳри махфӣ ба ин парванда ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намудааст.

«Зерҳимояи ман аз рӯи ду модда – қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гумонбар дониста шуда, дар ин кадом сирри махфие буда метавонад? Аз ин рӯ, аз болои ин қарор мо ба зинаи болоӣ шикоят хоҳем бурд», - иброз дошт ӯ.

Қудратов бар ин назар аст, ки парванда бинобар сабаби эҳтимолан даст доштани зерҳимояаш дар рӯйдодҳои тобистони соли гузаштаи Хоруғ махфӣ шудааст.

Дар ин робита ОИ «Азия-Плюс» ба роҳбари гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералии ҶТ оид ба ин парванда Баҳриддин Бозоров муроҷиат намуд. Посухи ӯ мухтасар буд: «Агар парвандаи махфӣ шуда бошад, пас ба шарҳи он ҳоҷате нест».

Моҳи январи соли равон прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки истирдоди Давлатбек Давлатбеков (Димон Ашӯров) аз Чин ба Тоҷикистон бар асоси Созишнома миёни кишварҳо дар ин хусус сурат гирифтааст.