Рӯзи 15-уми апрел дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мебоист мурофиаи судӣ оид ба далели марги маҳбуси муассисаи ислоҳии №1 Ҳамза Икромзода нисбати корманди ин муассиса Маҳмуд Исмоилов ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ оғоз мегардид.
Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода гуфт, аввалан онҳо расман дар бораи мурофиаи судӣ огоҳ карда нашуда, бинобар сабаби дар сафари корӣ қарор доштани ҳимоятгарашон, ба суд оид ба то бозгашти ҳимоятгар мавқуф гузоштани мурофиа ариза пешниҳод карданӣ будаанд.
Ба гуфтаи ӯ, вақте онҳо ба кабинет меоянд, дар он ҷо айбдоршаванда ва на камтар аз 30 нафар хешовандони ӯ ҳузур доштаанд.
«Судшаванда Маҳмуд Исмоилов бо тамасхуру киноя ба мо фаҳмониданӣ буд, ҳар чӣ аз дастатон ояд, кардан гиред, вале суд ҷонибдори ӯ хоҳад буд. Судя Рустам Мирзоев аризаи моро ба инобат нагирифта, мурофиаро идома дод. Ман изҳор доштам, ки бидуни адвокат дар мурофиаи иштирок нахоҳем кард. Касе маро маро ба баромадгоҳ тела дода, нафари костюмдору галстукбанд ба рӯи ман зарба зад. Гузашта аз ин, яке аз хешовандони судшаванда нисбати модари ман дашному ҳақоратро раво дид», - иброз дошт номбурда.
Дар ҳамин ҳол, судя Рустам Мирзоев дар суҳбати телефонӣ бо ОИ «Азия-Плюс» аз шарҳи вазъи рухдода ва сабаби ба ҷониби ҷабрдида ирсол накардани даъватномаи расмӣ ба суд худдорӣ варзид.
Моҳи январи соли равон зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дода буд, ки аз рӯи ин далел се нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.
«Тафтиши парвандаи ҷиноӣ, ки аз рӯи ду моддаи қонунгузории ҷиноӣ – хунукназарӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ боз шудааст, идома дорад», - гуфта буд прокурори генералӣ.
Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.
Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.




Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста