Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли як миқдор маводи мухаддири сахттаъсири героин аз шаҳри Душанбе ба Дубай (АМА) ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита о ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни кӯшиши интиқоли 2 килову 700 грамм маводи нашъаовари героин тавассути хатсайри Душанбе-Дубай сокини 41-солаи пойтахт, модари ду фарзанд П.Д. боздошт шудааст.

«Маводи мухаддир аз пинҳонгоҳи махсус дар бағочи дастии боздоштшуда дарёфт гардид», - гуфтанд дар маркази робита бо ҷомеаи КДАМ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.