Се нафар занон, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Суғд барои дуздии пулу амволи сокини пойтахт боздошт шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18 ноябр дар бозори «Корвон» шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёнаш, ки дар дохили он 600 доллари амрикоӣ, 500 сомонӣ ва 3-адад телефонҳои мобилӣ буд, ҷамъ ба маблағи умумии 6 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавондухтари 19-сола, зани 33-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 29-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони даст доштан дар ҷиноятӣ дуздӣ дастгир намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.