Кормандони пулиси шаҳри Хуҷанд ду устои нақлиётро барои рабудани автомашинаи мизоҷи доимии худ боздошт кардаанд
Бино ба иттилои ВКД, дар шаҳри Хуҷанд, баъди 4 рӯзи дуздида шудани сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс» аломати қайди давлатиаш tj 5050 СК02, ки ба шаҳрванд Саидбаҳоваддин Исомаддинов сокини шаҳри Хуҷанд таалуқ дошт, пайдо ва ба соҳибаш баргардонида шуд.
Гуфта мешавад, ки дар дуздии ин автомашина ду устои нақлиёт шаҳрвандон Абдуғаффор Баротов соли таваллудаш 1984 ва Аъзам Шарипов соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд гумонбар дониста мешаванд, ки соҳиби нақлиёт мизоҷи доимии онҳо будааст.
Соҳибмулк автомашинаи худро барои таъмир кардан ба устоҳо пешниҳод менамояд ва гумонбаршудаҳо Баротов ва Шарипов бо маслиҳати пешакӣ қисми техникии ба ҳаракатдарорандаи сабукравро, ки маъмулан онро «зажиганӣ» мегӯянд, канда калидро нусхабардорӣ мекунанд.
"Баъди ин амалашон ҳолати аввалааи автомашинаро барқарор карда, баъди таъмир ба дасти соҳибаш супорида дар пайи тасарруфи нақлиёт мешаванд ва ба мақсад ҳам мерасанд. Яъне суроғаи мизоҷро пайдо намуда аз саҳни манзили истиқоматиаш, баландошёнаи №39-и маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд барои дар оянда ба қисмҳо ҷудо карда фурӯхтан, сабукравро тасарруф кардаанд”.
Манбаъ мегӯяд, нақлиёти мазкур 72 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, шоми 3-юм ба 4-уми ноябр дар ҳудуди маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд тасарруф карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста