Додситонии вилояти Суғд нисбати чанд тан аз мансабдорони  ҳукумати Истаравшан бо моддаҳои 245 “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ”,  314 “ сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Додситонӣ ҳукумати Истаравшанро бо ҷурми азонихудкунии маблағи махсусан калони будиҷа айбдор мекунад.

Додситони вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода зимни натиҷагирӣ аз як соли фаъолияти кории ин ниҳод гуфт ҳукумати шаҳри Истаравшан ҳамчун фармоишгар барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар қалъаи Муғи ин шаҳр бо пудратчӣ ҶДММ “Манора” шартнома баста аз ҳисоби буҷет барои анҷоми ин кор 1,5 млн сомонӣ ҷудо мекунад.

Аммо додситонӣ мегӯяд, аз ин миқдор маблағ ҳукумати Истаравшан ҳамагӣ 532 ҳазор сомониро ба роҳбари ҷамъияти “Манора” пешниҳод намуда, бе розигии ин ҷамъият 961 ҳазор сомонии боқимондаро тариқи нақдӣ ба шаҳрванд Каримов, ки ба ҷамъияти мазкур ягон алоқамандӣ надорад супурда, ба директори ҶДММ “Манора” Азимов зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

“Прокуратураи вилоят нисбати шахсони мансабдори МИҲД шаҳри Истаравшан бо моддаи 314 қисми 2 ва 245 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда ҳоло тафтиши пешакӣ идома дорад.”-

Ҳарчанд додситони Суғд ҳувияти онҳоеро, ки барои даст доштан дар фасод мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор гирифтаанд ошкор накард, аммо ишора шуд, ки онҳо кормандони масъули ҳукумати шаҳри Истаравшан будаанд.

Тавре дар нишасти додситонӣ гуфта шуд, соли ҷорӣ додситони Суғд дар бахши иҷрои қонунгузорӣ дар бораи буҷет 268 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 49 ҷиноятро ошкор кардааст. Зарари он 9,8 млн сомонӣ ва 250 ҳазор доллари ИМА гуфта мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.