Додситонии вилояти Хатлон алайҳи додситони ноҳияи Панҷи ин вилоят Абдулфайз Холиқзода барои риоя накардани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамчунин Дастурамал «Дар бораи коргузорӣ дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҷозоти интизомӣ татбиқ кардаааст.

Дар ин бора ба наздикони Аҳлиддинзода Меҳроншоҳ - афсари дар ШВКД Панҷ кушташуда аз Додситонии вилояти Хатлон дар як мактуби расмӣ, ки бо имзои додситони вилояти Хатлон  Абдураҳим Раҳимзода, хабар доданд.

Наздикони  Меҳроншоҳ Аҳлиддинзода, аз прокурори ноҳияи Панҷ, мушовири адлияи дараҷаи 1, ба раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ба додситони кулл ва ба Кумитаи забону истилоҳот барои нақзи  муқаррароти қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шикоят карда буданд. Дар ин шикоят гуфта шуда буд, ки Холиқзода  як вокунишеро, ки 10-уми апрел бо имзои худ ба онҳо фиристодааст “комилан бо вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” навишта шуда, дар он ба 27 иштибоҳоти имлоиву аломатӣ роҳ дода шудааст”.

Додситонии Хатлон дар он номааш ба наздикони Аҳлиддинзода навиштааст, ки “дар рафти санҷиш ваҷҳҳои овардаатон оиди аз тарафи прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А.Ғ. роҳ додан ба хатоҳои имлои забони точикӣ зимни омода намудани мактуби ҷавобӣ ба дархостатон тасдиқи худро ёфт”.

Додситони вилояти Хатлон ҳарчанд гуфтааст, ки “нисбати Холиқзода муҷозоти интизомӣ татбиқ шуд”, вале дар мактуб равшан гуфта нашудааст, ки чӣ ҷазои интизомие дода шудааст.

Ҳамчунин Додситони вилояти Хатлон дар мактубаш ба унвони наздикони Меҳроншоҳ Аҳлиддинзода навиштааст, ки: “Нисбати ваҷҳи дигари дар аризаатон қайдгардида, вобаста ба наандешидани чораҳо бо парвандаи ҷиноятӣ оид ба муайян ва чораҷӯӣ нашудани сабабу омилҳои ба ҷинояти мазкур мусоидаткунанда бояд қайд кард, ки зимни тафтиши пешакӣ аз тарафи гурӯҳи тафтишотӣ ҳолатҳое, ки ба содир намудани ҷиноят мусидат кардаанд, муайян карда шуда, бо мақсади бартараф кардан  ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани шахсони масъули ШВКД дар ноҳияи Панҷ санаи 12.04. соли 2021 таҳти №12/25731-21 ба унвони сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии ТОҷикистон дар вилояти Хатлон пешниҳод бароварда шудааст. Пешниҳоди сазкур санаи 21.04 соли 2021 тавассути прокуратураи вилоят ба суроғаи номбурда ирсол карда шудааст, ки ҳоло дар арафаи баррасӣ карор дорад”.

Бояд гуфт, ки афсари милиса, лейтенанти калон Меҳроншоҳ Ҷумъаев, ки ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ хидмат мекард, соати 4-и субҳи 7 феврал аз тири старшинаи милитсия Амирзода Насим Абдукарим ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ, дар ҷойи кор, яъне дар дохили бинои ШВКД Панҷ кушта шуд. Старшинаи милитсия Амирзода Насим Абдукарим ба сӯи марҳӯм ду тир парронда, ки яке ба Меҳроншоҳ бархӯрда, ӯро дар ҷойи ҳодиса кушт ва тири дигар хато рафта, ба шифт бархӯрда буд.

Прокуратураи ноҳияи Панҷ нисбати Амирзода Насим Абдукарим, старшинаи милитсия бо моддаи 108 қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) парванда боз карда буд, ки бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 11-уми май Насим  Амирзода Насим ҳамагӣ 3 сол ҳукми маҳбас дар низоми сукунатӣ муҷозот шуд, ки наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев онро ноодилона хонаданд ва аз он зинаи болоии додгоҳӣ шикоят бурданд.

Наздикони ин афсари кушташуда ба Коллегияи додгоҳии марбут ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионӣ карда буданд, ки рӯзи 11 июн ин ниҳод ҳукми зинаи аввали додгоҳро бидуни тағйир боқӣ гузошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.