Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти зане хабар медиҳад, ки ба дуздии гӯшворҳо аз гӯши духтаракони хурдсол дар шаҳри Душанбе муттаҳам мешавад. Ин ниҳод ин занро дар силсилаи ин гуна дуздидани гӯшворҳо гумонбар медонад.

Аз ин зан сокини 38-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ном бурда мешавад, ки пештар ҳам суд шуда будааст ва ин ниҳод ӯро дар силсилаи дуздии гӯшворҳо аз гӯши духтаракони хурдсол муттаҳам мекунад.

ВКД мегӯяд ин занро баъди шикояти як зани 58-солаи сокини Душанбе боздошт кардаанд. Ин сокини Душанбе ба ШАКД-2 ноҳияи Сино шикоят кардааст, ки касе аз гӯши наберааш гӯшворҳояшро дуздидааст, ки 1500 сомонӣ арзиш доштаанд.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд",-мегӯяд дафтари матбуоти ВКД.

Ҳамчунин ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилӣ ин зан моҳи августи соли 2020, тахминан соати 12:00, дар кӯчаи Б.Ғафуров бо тариқи ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтари хурдсоли 4-солаи сокини ноҳияи Сино, 1-ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, ки арзишаш 500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба ҷуз ин ин занро ВКД дар чанд мавриди дигари бо чунин шева дуздидани гӯшворҳо, аз ҷумла 1-уми июни имсол дар кӯчаи Ҳисори пойтахт аз гӯшҳои духтарчаи 7-сола дуздидани гӯшворҳо муттаҳам медонад.

ВКД мегӯяд, ки бар асоси ҳамаи ин ҳодисаҳо тафтишро ба роҳ мондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.