Аз ин пас ваколати додрас (судя)-ҳои Тоҷикистон муваққатан боздошта мешавад ва онҳо баъди исботи бегуноҳӣ имкон доранд, фаъолияташонро дубора идома диҳанд. Чунин тағйиру иловаҳоро чанде пеш ба Қонун “Дар бораи кори додрасҳо” вакилони парлумони Тоҷикистон қабул карданд.
Муаллифони тарҳ мегӯянд, ҳадаф аз қабули он мусоидат ба татбиқи барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мебошад.
Вакили парлумони Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода зимни суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфт, дар қонун дар бораи додрасҳо моддаи 17 прим 1 - "боздоштани ваколати судя" илова намудаанд ва тибқи он дар се ҳолат ваколати додрас муваққатан боздошта мешавад.
- Якум, асоси пешбинишуда ин аст, ки агар ӯ бо вайрон намудани тартиби муқарраргардида интихоб ё таъин гардида бошад. Маслан, агар маълум шавад, ки додрас мақоми душаҳрвандӣ дорад, то муайян намудани ин масъала ваколати ӯ боздошта мешавад. (Тибқи қонунгузорӣ додрас бояд танҳо шаҳрванди Тоҷикистон бошад). Дуюм, агар ӯ мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон муваққатан аз вазифа дур карда шуда бошад. Яъне агар додрас тибқи Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ аз вазифа дур карда шавад, то қабули қарори суд, фаъолияташ боздошта мешавад. Сеюм, бо тартиби муқарраршуда ҳангоми ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ӯ ризоият дода шуда бошад. Яъне агар нисбати додрас аризаи шикоятӣ ба мақомот расаду тафтишот сурат гирад, то анҷоми он ваколати додрас боздошта мешавад, шарҳ дод Мавлудахон Мирзозода.
Мавсуф таъкид намуд, ки иловаҳои мазкур ба додрасҳое, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят дастгир мешаванд, дахл надорад ва онҳо ҳамон замон бо фармони раисҷумҳур бинобар паст задани шаъну шарафи додрас аз вазифа озод карда мешаванд.
Ӯ гуфт, масъалаи муваққатан боздоштани ваколати додрасҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо пешниҳоди раиси Суди олӣ ва ваколати додрасҳои иқтисодӣ бо пешниҳоди раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон аз тарафи коллегияи тахассусии судҳои Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
Мирзозода бовар дорад, ки ин банди қонун дахолат ба кори додрасҳо нест ва ба гуфтаи ӯ, ҳар як додрас агар кори худро дар асоси қонун ба роҳ монад, ҳеҷ кас ҳуқуқи маънавии дахолат ба кори ӯро надорад
Вале ҳуқуқшинос ва доктори илмҳои ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, тағйироти мазкур дар баробари паҳлӯҳои мусбат, ҷанбаи манфӣ ҳам дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати манфӣ дар он аст, ки то як андоза адолати судӣ халалдор мегардад. Зеро дар низоми адолати судӣ мустақилии додрасҳо дар ҳамаи сатҳҳо вобаста мешавад, аз мавқеи мақомоти дигари қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, вале ин бояд баръакс бошад.
- Ҷиҳати мусбат он аст, ки шояд боиси бештар гардидани масъулияти додрасҳо дар тамоми сатҳҳо гардад, зеро назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бештар ҳис мекунанд,- гуфт Ҳакимов.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша гуфтаанд, бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон, додрасҳо мустақиланд ва касе ба корашон дахолат намекунад. Аммо танқидҳое ҳаст, ки додрасҳо дар Тоҷикистон дар эълони ҳукмҳо мустақил нестанду пойбанди мақомот мебошанд.
Яке аз интиқоди асосӣ аз низоми додгоҳӣ ин аст, ки додрасҳо хеле кам ҳукми сафедкунанда содир мекунанд ва тақрибан ҳамон чизеро, ки додситон пешниҳод мекунад, тасдиқ мекунанд. Назаре, ки мақомот онро ҳамеша рад карда гуфтаанд, ҳукми додрасҳо дар асоси далелҳои асоснок содир мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста