Хонаводаи Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини зиндонишудаи ҳизби дар Тоҷикистон мануъи наҳзати исломӣ ба дафтари Омбудсмен ва Додситонии куллии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Ҳамсари Ҳайит ба "Азия-Плюс" гуфт, онҳо аз ин ду ниҳод хостаанд, то барои мулоқот бо ҳамсараш дар зиндон мусоидат кунанд.
Савриниссо Ҷӯрабекова, ҳамсари Ҳайит мегӯяд, ки ба далели ин ки ҳамсараш ҳукми ҳабси абад дорад, дар 6 моҳ ҳамагӣ як бор метавонад бо ӯ мулоқот кунад, вале рӯзи 24-уми ноябр, ки бояд мулоқоти навбатӣ доир мешуд, дар зиндон (муассисаи тафтишотии ЯТ 9/1) гуфтанд, ки наметавонам ӯро бубинам, зеро ӯ тартиботи дохили зиндонро вайрон кардааст.
Ҷӯрабекова мегӯяд, ки баъд аз он ки муроҷиаташ ба Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон (Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия) ва худи сардори зиндон натиҷа надод, дар як нома аз Додистонии кул ва Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон додхоҳӣ кардааст.
Дар ин нома, ки нусхае аз он дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор гирифт, навишта шудааст, ки дар ибтидо на дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва на дар муассиса ба суоли ин ки ҳамсарам чӣ тартиботро вайрон кардааст посухи рӯшан надоданд ва барои ёфтани посухи суол моро аз зиндон ба сарраёсат ва аз сарраёсат ба зиндон равон карданд.
"Билохира рӯзи 27-уми ноябр баъд аз мулоқот бо Мансурҷон Умаров манро ба муассиса равон карданд ва сардори муассисаи илоҳи як сабаби номақбул ва шубҳанокро, ки гӯё он асос барои марҳурм кардан аз вохӯрӣ шудааст, гуфт. Он сабаб ин будааст, ки гӯё ҳамсарам чанд маротиба гаштугузори рӯзонаро рад кардааст",- гуфта мешавад дар нома.
Савриннисо Ҷӯрабекова ин далели гуфтаи мақомотро беаос мешуморад ва дар номааш гуфтааст, ки бар асоси қонунгузорӣ ин асос барои бекор кардани мулоқот бо ҳамсараш шуда наметавонад.
Дар ин нома Ҷӯрабекова иддао кардааст, ки ҳамсараш шиканҷа шудааст ва барои ҳамин намегзоранд, ки бо ӯ вохӯрад. Агар далели бекор кардани мулоқот ҳамин бошад, чаро дар рӯзҳои аввали муроҷиат ба ӯ инро нагуфтаанд,-суол гузоштааст муаллифи нома.
Ҷӯрабекова дар номааш дар баробари мусоидат кардан ба барггузор шудани мулоқот ва эътимод ҳосил кардан аз саломатии ҳамсараш, ҳамчун хостааст, ки далелҳои аслии бекор кардани ин мулоқот низ барояш гуфта шаванд.
Дар дафтари Омбудсмен ба ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит гуфтаанд, ки номаашонро дарёфт кардаанд ва мунтазири посух бошанд.
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини собиқи раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ, соли 2016 дар як мурофиаи паси дарҳои баста бар асоси 14 банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ба ҳукми абад маҳкум шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста