Дар шаҳри Душанбе Шамсия Гадоеваи 56-сола барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ 2 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима шуд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кормандони милитсия дар ҷараёни амалиёт ин занро боздошт намудаанд, ки худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул будааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёт зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурда як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Зикр мешавад, ки  машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ яке аз амалҳои нописандидарин ба шумор меравад, лекин мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ, ҳастанд нафароне, ки ба чунин амал машғул шуда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағ мерӯёнанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.