Дар Суғд марди 33-соларо барои қаллобӣ ва тасарруфи 70 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 33-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.
“Аз охири соли 2018 то аввали соли 2019 гумонбар аз як сокини 46-солаи шаҳри Бӯстон 70 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ҳамагӣ 2 ҳазор долларашро баргардонидааст”, - менависад манбаъ.
Ҳоло нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247 (қаллобӣ), қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин, ВКД хабар медиҳад, ки ду рӯз пеш, 13-уми май, дар шаҳри Турсунзода як марди 33-соларо ноболиғи 15-сола бо корд ба қисмати гарданаш зада, ӯро захмӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса дар ҷойи кори ҷабрдида, дар дӯкони таъмири телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар дохили бозори “Баракат”-и шаҳри Турсунзода рух додааст.
Сабаби он “ба миён омадани муноқиша” гуфта мешавад.
Ба иттилои мақомот, ҳоло аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста