Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки рӯзи 20-уми майи соли равон дар минтақаи Котелникии вилояти Москва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт шуда буданд, баъди тафтиши ҳуҷҷатҳои иқомат озод шудаанд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як изҳорот хабар додааст.
Манбаъ менависад, ки сафорат аз ҳолати баргузории амалиёти боздошти муҳоҷирони тоҷик дар ҷараён аст ва ҳоидсаи мазкур зери назорат ва пайгирии сафорат қарор дорад.
“Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки шаҳрвандони боздоштшуда пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳои будубошашон аз шӯъбаи корҳои дохилии ин минтақа озод шудаанд”, - омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон.
Дар баёнияи расмии ин ниҳоди дипломатӣ гуфта нашудааст, ки дар ҷараёни амалиёти мақомоти Русия дар минтақаи Котелники чанд муҳоҷир боздош гардида буданд.
Дар ҳамин ҳол, давоми чанд рӯз аст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои алоҳидаи Русия мавриди боздошт ва латукӯби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар қарор мегиранд. Аз ҷумла, полиси Русия шаби 23-24-уми май қариб 100 муҳоҷири тоҷикро дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда буданд.
Ҳамчунин, рӯзи 19-уми майи соли равон беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск мавриди латукӯб ва муносибати бераҳмона қарор гирифтанд.
Дар пайи ин ҳодисаҳо, мақомоти Тоҷикистон вокуниш карданд. Аз ҷумла, рӯзи 24-уми май Семён Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват ва изҳори нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба боздошти дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳар гуна баҳона дар Русия расонида шуд.
ВКХ гуфт, “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.
Ҳамчунин, Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳамтои русаш Татяна Москалкова бо ирсоли нома хост, ки ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск дахолат карда, ба тафтиши холисонаи ҳодиса мусоидат намояд.

Дар пайи ин, субҳи имрӯз ВКД хабар дод, ки Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба рейдҳои мақомоти Русия дар дар шаҳраки Котелники ва дигар шаҳрҳои Русия, ҳамчунин латукӯб ва шиканҷа беш аз сад донишҷӯи тоҷик ба Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия барқия ирсол намуда, хоҳиш кардааст, ки ҳодисаҳои мазкур холисона баррасӣ гардида, “таҳти назоратбарӣ қарор додани онҳо мусоидат намояд”.
Дар Тоҷикистон ҳарорати ғайримаъмулӣ гарм ва бадшавии сифати ҳаво дар назар аст
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Воситаҳои пардохт дар Тоҷикистон ҳоло ҳам асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешаванд
Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста