Сокини 17-солаи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар ҳамла бо корд ва захмӣ кардани ду ҷавон боздошт шуд.

Тавре ки дар сомонаи ВКД хабар дода мешавад, ӯ ба авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард айбдор карда мешавад.

Гуфта мешавад, ҳодиса шаби рӯзи 19 июн дар назди майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Сино рух додааст.

“Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбаршуда бо ду нафар ҷавонони синни 19 ва 23-сола ба муноқиша пардохта, бо корд ба бадани онҳо зарба мезанад ва сипас ҷойи ҳодисаро тарк мекунад”, - омадааст дар хабар.

Дар бораи сабабҳои сар задани муноқиша дар хабари Вазорат чизе гуфта нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ҳардуи ҷавонон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.