Додситонии кулли кишвар қазияи аз ҷониби подполковники Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД рабуда шудани устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро шарҳ дода, навиштааст, ки ин корманди милиса боздошт шудааст.

Ин ниҳод навишааст, ки 15-уми июни соли 2023 сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам бо шаҳрванд Шукуров Исмоилҷон Маъмурович барои одамрабоӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.

“Юсуфзода А.Ҳ. шаби 12 июни соли 2023 соати 2320 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Шукуров И.М. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хизматияш, ки тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 мебошад, савор карданд", - навишт Додситонии кулл.

Баъдан, ба навиштаи ин ниҳод, "онҳо  дастони Раҳмонов И.Қ-ро баста, ба самти шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд роҳсипор гардида, дар километри 118 шоҳроҳи мазкур, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ автомашинаро боз дошта, маҷбуран Раҳмонов И.Қ.-ро фароварда, бо мақсади ба қатл расонидан ба дарёи Фон партофта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.

Додситонии кул менависад, ки 15-уми июни соли 2023 нисбати Юсуфзода А.Ҳ. ва Шукуров И.М. бо моддаи 130 қисми 2 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои “одамрабоӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ бо истифодаи зӯроварии барои саломатӣ ва ҳаёт хавфнок парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”.

Ин ниҳод менависад, ки муаллими донишгоҳ Раҳмонов И.Қ. то ҳол дарёфт нашуда, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳо барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ӯ сафарбар гардидаанд.

Ҳамчунин, Додситонии кулл аз истиқоматкунандагони маҳалҳои аҳолинишини поёноби дарёҳои Фон ва Зарафшон хоҳиш кардааст, ки дар мавриди пайдо гардидани маълумот оид ба дарёфти Раҳмонов И.Қ. фавран ба мақомоти ин ниҳод ё милитсия  хабар диҳанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки бори нахуст оид ба эҳтимоли рабуда шудани муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ хабар дода буд. Ин расона, он замон бо такя ба наздикони хонаводаи муаллим навишт, ки “ҳамсари Акмал Юсуфзода ва Исмоил Раҳмонов дар Донишгоҳи тиҷорат кор мекардаанд. Шоҳидон мегӯянд, чӣ моҷарое миёни ду ҳамкор сар зада, полковник шабона ӯро барои суҳбат даъват карда будааст”.

ВКД ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил то ҳол дар робита ба ин масъала шарҳи расмӣ надодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.