Таҳқиқи парвандаи мудири як мактаб дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иттиҳоми дастдарозӣ ба хонанда қариб ба анҷом расидааст, менависад хабаргузории Осиёи Марказӣ.
Қазияи ин марди 62-сола аз тарафи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон тафтиш шуда, дар назар аст парванда рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол шавад.
Пайвандони мудири мактаб иттиҳомро қабул надоранд.
“Як манбаъ дар идораи пулиси Хатлон таъйид кард, ки Н.Н, ки мудири мактаб буд, ба як хонандаи 16-сола дастдарозӣ кардааст”, - омадааст дар хабар.
Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот пас аз шикояти ҷабрдида дар авоили моҳи июн шурӯъ шудааст.
"Феълан Н.Н дар боздошт аст ва нисбаташ бо моддаи 139, қисми 2 банди Д, яъне ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ноболиғ парванда боз шудааст. Ҳарду тарафро муфатишони милиса пурсиданд ва бояд рӯзҳои наздик тафтишаш анҷом шуда, парванда ба додгоҳ равад”, - гуфтааст ӯ.
Дар сурати исботи гуноҳ, Н. Н. мумкин аст аз 7 то 12 сол зиндонӣ шавад.
Пайвандони ин мудири мактаб иттиҳомотро беасос медонанд. Яке аз бастагонаш, ки нахост, ки аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, мудири мактаб 62 сола аст ва “бовар кардан душвор аст, ки ӯ ба чунин амал даст бизанад”.
Дар гузашта низ боздошти омӯзгорон ба гумони озори ҷинсӣ ва таҷовузи хонандагон расонаӣ шуда буд.
Аз ҷумла, ду сол пеш омӯзгори як мактабро дар Душанбе ба гуноҳи таҷовузи хонандае ба 17 сол зиндон маҳкум карда буданд.
Тирамоҳи соли 2019 додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, 17,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
“Маҷбур мешавӣ”. Айб дар порадеҳ аст ё порагир?
Ҳушдори қатъии КҲФ: Ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Зарурати ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар Тоҷикистон
Аз сиёсат то иқтисод: Тоҷикистон барои мустаҳкамсозии мақоми зан чӣ кор кард?
“Шикор”-и соҳибнуфузони олами ҷиноӣ дар Осиёи Марказӣ. Оё Тоҷикистон низ соҳибнуфузи олами ҷиноӣ дорад?
ФФТ: “Овозаҳои даъвати Криштиану Роналду ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд”
Аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мусоидат ба вусъати корҳо дар лоиҳаи CASA-1000 дархост шуд
БОР барои пешбурди таълими фанҳои техникӣ дар мактабҳои Тоҷикистон 40 млн доллар медиҳад
Оғози мавсими мусодираи “хлопушка”. Мақомот аз ду ноболиғ 7,5 ҳазор маводи тарфгарӣ гирифтанд
Дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ярмаркаҳои фурӯши хӯрокворӣ боз мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста