Соҳиб Давлатзода, ронандае, ки ба талаби корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Масчоҳ итоат накарда, сабабгори осеб бардоштани ӯ гаштааст, боздошт шудааст.
Дар ин бора Ҷаҳонгир Ҳакимзода, масъули дафтари матуботи Шӯъбаи БДА дар вилояти Суғд ба “Asia-Plus” иттилоъ дод.
Бояд гуфт, ки чанде пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он корманди БДА-ро дар рӯйи замин хобида ва бо ҷароҳатҳо мушоҳида кардан мумкин буд. Баъзе аз корбарон навиштанд, ки корманди БДА аз ҷониби ронанда латукӯб шудааст.
Аммо воқеаро Ҷаҳонгир Ҳакимзода ба таври дигар нақл кард. Ӯ гуфт, ки ҳодиса 16-уми ояктбр, тахминан соати 10:20 дақиқа, дар назди “Ҷумъабозор”-и ҷамоати Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ рух додааст.
“Мо санаи 16-уми окятбр дар ҷойи ҳодиса будем. Маълум шуд, ки ронандаи мошини “Hyundai Solaris” Соҳиб Давлатзода баъди вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ба талаби корманди БДА, сержанти милитсия Фаррух Ҳамзазода итоат накарда, аз пешниҳоди шаҳодатномаи ронандагӣ саркашӣ мекунад ва бо суръати баланд аз ҷойи ҳодиса фирор менамояд”, - гуфт Ҷаҳонгир Ҳакимзода.
Ба қавли Ҳакимзода, ронандаи боздоштшуда зикр кардааст, ки “корманди БДА дари мошинашро дошта буд ва ӯ чӣ гуна ба замин афтод нафаҳмидааст”.
“Баъди ин ҳодиса Соҳиб Давлатзода нақлиёташро дар ҳудуди ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан гузошта, худ ғайб мезанад. Аммо бо эълони амалиёти боздошт, кормандони милитсия тавонистанд ронандаи фирориро дар зудтарин фурсад боздошт кунанд”, - таъкид кард Ҷаҳонгир Ҳакимзода.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол барои оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Соҳиб Давлатзода чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ҳодисаи итоат накардан ба талаби корманди БДА ва осеб расонидан ба ӯ давоми ду ҳафтаи охир аст. Қаблан, 7-уми октябр, низ дар ноҳияи Хуросон ронандае бо суръати баланд корманди БДА-ро зада буд. Ин ронанда низ дар наздиктарин фурсат боздошт гардид. Корманди БДА ҷон ба саломат бурдааст.




Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста