Ронандаи мошине, ки дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон корманди Бозрасии давлатии автомобилиро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд, боздошт шуда, ҳоло дар Боздоштгоҳи Шуъбаи ВКД дар ин ноҳия қарор дорад.
Саймуъмин Ҳасанзода, сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати БДА ВКД ҶТ гуфт, ки ронандаи мошин пеш аз пахши корманди БДА дар ноҳияи Хуросон, аз ҷониби кормандони дигари БДА нигоҳ дошта мешавад, аммо ӯ ба кормандони БДА итоат накарда, фирор мекунад.
Баъдан, кормандони БДА ба ҳамкасби худ хабар медиҳанд. Ронандаи мошин такроран дар ноҳияи Хуросон нигоҳ дошта мешавад, аммо ин навбат ронанда корманди БДА-ро пахш карда, боз аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.
“Ҳоло ронандаи ин мошин боздошт гардида, дар Боздоштгоҳи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон қарор дорад. Нисбати ронанда парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”, - гуфт Саймуъмин Ҳасанзода.
Аммо ин манбаъ аз ифшои шахсияти ронандаи боздоштгардида худдорӣ кард.
Ба корманди БДА, ки мошин пахш карда буд, ҳамкасбон ва роҳгузарон кӯмак кардаанд. Ҳоло ба саломатии ӯ хатаре таҳдид намекунад.
Бояд гуфт, 7-уми октябри соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он лаҳзаи аз ҷониби мошине бо суръати баланд пашх кардани корманди БДА мушоҳида мешуд. Корманди БДА пас аз пахши мошин ба канори роҳ партоб мешавад, аммо мошин бо суръати баланд ба ҳаракати худ идома медиҳад.
Бояд гуфт, ки ҳолатҳои итоат накардан ба фармони корманди БДА дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, аммо ин аз ҳолатҳои аҳёне аст, ки ронандаи мошин корманди БДА-ро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.




Бозхонди фурӯши баъзе аз маҳсулоти ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста