Як корманди Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора аз як шаҳрванд дар ҷои ҳодиса дастгир шуд, хабар медиҳад, маркази матбуоти Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон.
Ин ниҳод, аз ӯ Ҳабибов З.К., мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ном бурдааст, ки аз моҳи октябри соли 2023 дар ин мақом кор мекард.
Ӯ моҳи марти соли 2024 аз як шаҳрванд “барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва мусоидат кардан ҷиҳати қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ” 10 ҳазор сомонӣ пора талаб карда, зимни гирифтани маблағҳо аз тарафи кормандони Оҷонсии зиддифасод дар ҷойи ҳодиса дастгир гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло нисбати Ҳабибов барои гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор (моддаи 319 қисми 1) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Ин банди қонунгузорӣ аз 262 ҳазор то 657 ҳазор сомонӣ ҷарима (аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-як нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи Ҳабибов, наздикон ва вакили дифои ӯ маълум нест.
Боздошти корманди нозироти андози Ваҳдат барои ришваситонӣ ҳодисаи нав нест. Қаблан, низ як корманди дигари ин ниҳодро барои гирифтани 10 ҳазор сомонӣ ришва боздошт карда буданд.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста