Дар ноҳияи Дӯстӣ ду ҷавон ба хонаи як сокини ин ноҳия даромада, бо таҳдиди куштор 15 ҳазор сомонӣ ва як телефони сеҳазорсомонаро дуздидаанд. Дар ин бора дар “Ахбори ВКД” иттилоъ додаанд.
Гумонбаршудагон шаби 4-ум ба 5-уми январи соли равон ба рӯ ниқоби сиёҳ кашида, пулу телефонро азхонаи Нурулло Акрамов ном сокини кӯчаи Саъдии Шерозии ин ноҳия рабудаанд.
Мақомот аз гумонбаршудаҳо Ғанӣ Зокирҷонович ва Хулозим Саъдуллоев ном бурдааст. Хулозим Саъдуллоев қаблан низ барои ҷинояти дуздӣ суд шуда буд.
Яке аз гумонбаршудагон дар навори видеоии ВКД иқрор шудааст, ки “кордро дар гулӯи соҳибхона монда, тарсонидем, ки маблағи пулиро ба мо диҳад. Ӯ ҷойи пулро гуфт ва мо пулро аз сандуқча гирифта, дар як латта печонидем ”.
Нисбати гумонбаршудагон барои роҳзанӣ ё моддаи 249-и Кодекси ҷиноятӣ барои парванда боз шудааст. Онҳоро аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳоло таҳқиқи ҷузъиёти дигари ҳодиса аз сӯи мақомоти милитсияи вилояти Хатлон идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 5 ҳазору 585 ҷиноят, аз ҷумла 41 ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, 11 ҷинояти роҳзанӣ, 33 ҳолати ғоратгарӣ ва 2 ҳазору 36 ҳолати дуздӣ ба қайд гирифта шудааст.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста