Душанбе. 1-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамаоми мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт.

Дар табрикоти сарварди давлат моҳи  раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо будани моҳи шарифи Рамазон ва дар ин моҳ аз ҷониби Худовнд нозил шудани китоби муқаддаси Қуръон зикр мегардад.

«Ба ин хотир метавон гуфт, ки Рамазон моҳи тарбияи ахлоқи ҳамида буда, зеҳну андешаи инсонро сафо ва илҳом мебахшад, дар қалбаш эҳсосоти наҷиби баробариву ваҳдати инсонҳоро бедор намуда, раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, бародарӣ  ва ҳамбастагиро парвариш медиҳад», - омадааст дар табрикнома - Моҳи шарифи Рамазон метавонад барои мову шумо, ҳамватанони азиз, моҳи хайру баракот гардад, агар дар ин давра мардуми мусулмони мамлакатамон ба аъмоли нек даст зада, дар якҷоягӣ барои оромию осудагии мардуми кишвар саъю талош варзанд».

Дар табрикот ҳамчунин гуфта мешавад, аз зумраи амалҳои нек ҳамчунин инсоф ба бародари мўъмин, дастгирии мўҳтоҷон, бахшиши гуноҳ,  хайру саховат, ризқи ҳалол ва худдорӣ аз амалҳои зишт мебошад.  «Тибқи фармудаи шариат, ҳар як инсон бояд аз роҳи ҳалол ризқу рўзии худро ҷустуҷў намояд, зеро луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракоти Худованд дар рўзгор ва хонадони ў мегардад.     Бахусус соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак дари хайру саховатро боз намуда, бо эҳтиром аз имоне, ки доранд, молу маҳсулоти худро ба бародарони мўъмин арзонтар пешниҳод намоянд ва ҷўёи савоб бошанд. Зеро дар ҳамаи корҳо ва хусусан дар тиҷорат, адлу инсоф ва сидқу вафо яке аз омилҳои асосии пешравии кор аст», - зикр мегардад дар табрикот.

Дар фарҷоми табрикот сарвари давлат изҳор доштааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз тамоми шароитҳоро ҷиҳати пурраву озодона ба ҷо овардани расму оинҳои дини мубини Ислом барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аксарияти куллашон муъмину мусулмонанд, фароҳам овардааст. Минбаъд низ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии мардум тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳанд шуд.