Нашри Китоби илмӣ зери унвони «20 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус» дар ш. Мински Беларус ба табъ расид, ки ба он маводҳои илмӣ аз Конфронси байналхалқӣ зери чунин унвон ворид шуданд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазоратикорҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, конфронси номбурда бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар, дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ, Парлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академия идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус гузаронида шуд.
Дар китоби мазкур баромадҳои иштирокчиёни Конфронси байналхалқӣ «20 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус», аз ҷумла Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов, Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун, Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Игор Петришенко, Раиси Суди Иқтисодии ИДМ Файзулло Абдуллоев, ҳамчунин Сафирони кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Беларус ба қайд гирифта шудаанд, олимони машҳур ва ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони хадамотҳои идоравӣ ва донишгоҳҳои олӣ ҷо дода шудаанд.
Китоб бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Беларус ва Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус нашр шуд.
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста