Дар ҳошияи сафари кории худ ба Аморати Муттаҳидаи Араб вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Абу-Заббӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Анвар Гаргаш вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорат корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масоили ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, ташкили сафарҳои ашхоси расмӣ тариқи низоми бидуни виза, зарурати кушодани хатсайри ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Абу-Заббӣ, тавсеаи пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, ҳамкории минтақавӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи муштарак муҳокима гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, дипломатҳо инчунин ба вазъият дар Афғонистон ва ҷараёни барқарорсозии сулҳ дар ин кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Дар ин робита масоили амнияти минтақавӣ низ баррасӣ шуд. Вазир Ҳ. Зарифӣ ҳавасмандии ҷониби тоҷикистониро дар аҳамияти баргузории Конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA 5) моҳи марти соли 2012 дар Душанбе қайд намуда, инчунин доир ба зарурати иштироки намояндагони АМА дар сатҳи муносиб дар конфронси мазкур ибрози назар кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар анҷом мусоҳибон ҷоннок намудани фаъолияти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Абу-Заббиро таъкид сохта, зарурати боз намудани Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ тазаккур доданд.