Чанде қабл  мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Исломобод Мирослав Кренек доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафир З. Зубайдов оид ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон маълумот дода, таъкид сохт, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар аксарияти соҳаҳо инкишоф меёбанд. Тибқи гуфтаҳои дипломати тоҷик, гардиши мол дар байни ду кишвар ва ташкили корхонаҳои муштарак торафт афзоиш меёбанд.

Дар навбати худ, Сафири Чехия М. Кренек изҳор дошт, ки масъалаи Афғонистон дар сиёсати хориҷии Чехия низ мавқеи муҳим дорад. Ӯ иттилоъ дод, ки ҳоло низомиёни Чехия дар Афғонистон ҳузур доранд ва асосан ба омӯзондани афсарону сарбозони он кишвар машғуланд. Ба қавли дипломати чех, муносибатҳои Чехия бо Покистон низ хуб аст.

Сафири тоҷик ҳалли қазияи Афғонистон ва нақши Покистонро дар ин раванд муҳим арзёбӣ намуда, инчунин кӯмаку мусоидати тамоми кишварҳои дахлдорро дар барқарорсозии сулҳу субот дар он ҷо таъкид сохт.

Дар хотимаи сӯҳбат ҷонибҳо ба идомаи иртибот ва музокирот оид ба масъалаҳои муҳими минтақа омодагии худро изҳор доштанд.