Ҳамаи фраксияҳои Думаи Давлатии Русия қабули изҳорот дар бораи аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кардани бознигарии ҳукми ба мӯҳлати 8,5 сол ба зиндон маҳкум шудани халабонони ҳавопаймоҳо -  шаҳрванди Русия Александр Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро ҷонибдорӣ намуданд, - менависад Интерфакс.

«Вакилони Думаи Давлатии Русия ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ шуморида, бар ин назаранд, ки он ба моҳияти муносиботи ҳамкории шариконаи стратегӣ миёни Русияву Тоҷикистон мухолиф аст», - омадааст дар лоиҳаи ин изҳорот.

Тавре дар аснод зикр мегардад, В.Садовничий ва А.Руденко дар содир намудани ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон ва нақзи қоидаҳои парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста шудаанд.

«Халабонон аз рӯйи инсоф ин айбҳоро рад месозанд, зеро ҳангоми бозгашт аз Афғонистон ба Русия бо транзит тавассути қаламрави Тоҷикистон маҷбур буданд, ки бинобар  нигаронӣ аз нокофӣ будани маводи сӯхт ба фурудгоҳи маҳаллӣ фуруд оянд», - таъкид месозанд вакилони Дума.

«Моҳияти аслии изҳороти мо дар он ифода меёбад, ки ҳукми додгоҳи Тоҷикистонро беасос мешуморем ва ба ҳукуматдорони Тоҷикистон пешниҳод менамоем, ки ин ҳукм бознигарӣ шавад», -менависад РИА Новости бо такя ба суханони раси палата Борис Гризлов.

Лоиҳаи изҳоротро, ки дар он дар бораи дорои ангезаи сиёсӣ будани ҳукм сухан меравад, ба баррасии палатаи поёнии парлумон фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия пешниҳод кард. Кумитаи дахлдори Думаи Давлатӣ оид ба умури ИДМ аллакай ҷонибдории худро ба қабули ин санад изҳор кард.

Дар ҳамин ҳол, суди шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ба халабонони хавопаймоҳои ширкати «Rolkan Investments Ltd» - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденко ҳукми 8,5 соли зиндон содир намуда буд, парвандаи мазкурро ҷиҳати бознигарӣ ба зинаи болоӣ – Ҳайати мушовараи додгоҳи вилояти Хатлон ирсол кард.

Чанде қабл мақомоти додситонии вилояти Хатлон нисбат ба ин ҳукм эътироз оварда, онро басо сангин унвон кард ва изҳор дошта буд, ки он ба манфиатҳои кишварҳои шарикони стратегии Тоҷикистон, ки маҳкумшудагон шаҳрвандони ин давлатҳоянд, ҷавобгӯ нест.

«Мӯҳлати эълони натиҷаҳои бознигарии парванда ҳанӯз маълум нест», - гуфт як манбаъ аз додгоҳи вилояти Хатлон.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.