Чанде қабл мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Спикери Ассамблеяи миллии ин кишвар доктор Фаҳмида Мирзо баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

З.Зубайдов иброз дошт, ки дар давоми соли 2011 дар аксарияти самтҳо муносибатҳои ду кишвар босуръат инкишоф ёфтаанд. Рафтуомади соҳибкорону тоҷирон ба кишварҳои ҳамдигар афзудааст. Корхонаҳои муштарак тадриҷан бунёд ёфта, сатҳи тиҷорат боло меравад. Моҳи декабри соли 2011 сафари Сардори Кумитаи умумии ситодҳои артиши Покистон – Генерал Халид Шамим Вайн ба шаҳри Душанбе ва мулоқотҳои вай бо Роҳбарияти Тоҷикистон доир гардид, ки хеле манфиатнок буд.

Сафир зикр намуд, ки ҷиҳати густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳои судманд миёни парлумонҳои ду кишвар аз ҳар ду ҷониб кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Ӯ ба доктор Фаҳмида Мирзо Паёми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва даъвати ӯро ҷиҳати ташриф овардан ба Тоҷикистон супорид.

Доктор Фаҳмида Мирзо иброз дошт, ки Тоҷикистон барои Покистон ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ кишвари ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷониби Покистон, аз ҷумла парлумони он ҳамаҷониба ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои гуногунсоҳа кӯшиш менамояд. Фаҳмида Мирзо мулоқотҳои худро бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Исломобод ва Теҳрон ёдовар шуда, эҳтирому сарфарозии худро бори дигар баён дошт.

Дар идомаи сӯҳбат сатҳи инкишофи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон муҳокима гардид.

Дар сӯҳбат ҳамчунин таъкид гардид, ки густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ба инкишоф ёфтани ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Покистон дар тамоми заминаҳо мусоидат хоҳад кард.