Чанде қабл ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва Муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои обии кишвар Султон Раҳимов ҷиҳати иштирок дар Конфронси “Дипломатияи соҳаи об барои Осиёи Марказӣ”, ки 7-8 марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, ба Берлин сафар кард.

 Боиси зикр аст, ки созмондиҳандаи чорабинии мазкур Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон мебошад.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои соҳаи оби тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кори Конфронс ба нақша гирифта шудааст.

 Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки бо натиҷагирӣ аз Конфронс Изҳороти муштарак қабул карда мешавад.