Чанде қабл вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҳина Раббанӣ Кҳар доир гардид.  

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғози сӯҳбат Сафир З. Зубайдов Ҳина Раббанӣ Кҳарро бо Ҷашни байналмилалии занон ва Рӯзи Модарон табрик намуд. 
Зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Ҳарду ҷониб зарурати ба имзо расонидани шартномаи транзитии сеҷониба миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон, ташкили хатти парвози мустақим байни ду кишвар, аҳамияти ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар шаҳри Душанбе, иштироки як ҳайати баландпояи покистонӣ дар кори Конфронси RECCA V ва дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои тарафайнро муҳокима намуданд. 
Ҳамчунин, табодули назар оид ба омодагӣ ва баргузории бошукӯҳи чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон дар моҳи июни соли ҷорӣ сурат гирифт.