Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ва Дафтари САҲА дар ҶТ таҳти унвони «Аҳолӣ, бақайдгирии интихобкунандагон ва асосҳои ҳуқуқии низоми интихоботӣ» мизи гирд доир намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР хабар дод, дар кори мизи гирд ба ҷуз афроди мансабдори масъул, ҳамчунин кормандони ВКД, Вазорати адлия, Агентии омори ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон иштирок карданд.
Зимни суханронӣ дар назди иштирокдорони чорабинӣ раиси КМИР-и Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зикр кард, ки ташкили рӯйхати ягонаи интихобкунандагон дар саросари ҷумҳурӣ зарур аст.
Ш.Шоҳиён ҳамчунин ба ҷонибдории мунтазам баргузор намудани ба ин монанд чорабиниҳо бо мақсади огаҳии бештари шаҳрвандон аз вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ изҳори ақида кард.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни кори мизи гирд ҳамчунин масоили асосҳои омодасозии рӯйхати ягонаи мутамаркази интихобкунандагон дар Тоҷикистон, истифодаи заминаи ҳуқуқии интихобот дар фаъолият ва тавсияҳои Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон низ баррасӣ шуданд.
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста