Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Конибодом ба шаҳри Исфара ташриф оварда, нахуст бо рафти корҳои азхуднамоии дашти навободи Моҳпарӣ аз наздик шинос шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мавзеи Моҳпарӣ бо баровардани об аз дарёи Исфара бояд наздики 3 ҳазор га заминҳои ташналаб шодоб гардида, дар зиёда за 800 гектари он беш аз 5 ҳазор хонавода ё худ 40 ҳазор аҳолӣ дар маҳаллаҳои навбунёди ободу зебо соҳиби манзили истиқоматӣ шавад. Зиёда аз 2200 гектари он барои боғдорию зироаткорӣ ва ба кор таъмин кардани мардум пешбинӣ шудааст.

 8 километри канали обёрӣ, ки дарозии умумиаш 10 км хоҳад буд, аллакай омода гашта, ба мавзеи Моҳпарӣ расидааст. Дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба каналӣ Моҳпарӣ ва ин мавзеи ташналаб оби ҳаётбахш сар дода шуд.

Дар идома сарвари давлат бо гузоштани хишти аввали яктогӣ мактабу маркази саломатӣ ва нахустин хонаи истиқоматӣ ба бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин оғоз бахшид. Ин маҳаллаҳо дорои 2 мактаби замонавӣ бо 1150 ҷойи нишаст дар як баст, як маркази саломатӣ, 2 ҳаммоми ҷамъиятӣ ва дигар иншооти иҷтимоию зербиноӣ хоҳанд буд.

Аз ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба маркази шаҳри Исфара ташриф оварда, се корхонаи нави коркарди меваю сабзавот ва як мағозаи фурӯши китобро ифтитоҳ намуд ва аз варзишгоҳи марказии шаҳр дидан карда, дастур дод, ки онро навсозӣ ва дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст кунанд.

Сафари кории сарвари давлат ба шаҳри Исфара бо боздид аз варзишгоҳи марказии шаҳр ба поён расид.  Дар ҳузури чандин ҳазор нафар варзишгарони касбӣ ва ҷавонону наврасон, ки барои истиқболу гусели меҳмони олимақом гирд омада буданд, Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки ин варзишгоҳ мавриди навсозии пурра қарор гирифта, дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мешавад.