Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд бо сабаби вафоти Валиаҳд - Муовини раиси Шӯрои вазирон, Вазири корҳои дохилии мамлакат Амир Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи таъзия ва тасаллият фиристод.

Рӯзи шанбе ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ дар бораи даргузашти валиаҳди шоҳигарӣ Амир Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд хабар доданд. Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» валиаҳд дар сини 78-солагӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико , ки моҳи марти соли равон барои муоинаи тиббӣ омада буд, аз олам даргузаштааст.

Моҳи октябри соли 2011 шоҳзода пас аз вафоти бародари бузургаш Сулотон валиаҳди тахти шоҳӣ гардида буд. То ин замон Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд ба вазорати умури дохилии шоҳигарӣ роҳбарӣ карда ҳамчунин ба ҳайси муовини дуюми нахуствазири Арабистони Саудӣ ифоаи вазифа мекард.