Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоишеро барои таҷлили 15-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 10-умин Конфронси бахши ҲНИТ дар ноҳияро баргузор кард. Дар кори конфронс дар баробари мақомоти раҳбарии ҲНИТ ва фаъолони ҳизб, ҳамчунин намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар конфронс маърӯзаҳо дар мавзӯи «Ваҳдат ва сулҳ аз нигоҳи дини Ислом», «Ваҳдати миллӣ ва нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон ва шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар ноил гардидан ба сулҳу созиш дар ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Пас аз конфронс ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ёвон доир гардида, дар фарҷоми он 15 нафар фаъолони ҳизб бо ифтихонномаҳо ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд», - гуфт манбаъ.
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста