Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар чаҳорчӯби иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии ду кишвар баррасӣ шуд.
Бо мақсади таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои марбут ба имзои лоиҳаҳои омодашудаи санадҳо доир ба соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатиро зарур шумурданд.
Масоили ҳамгироии ду давлат дар соҳаҳои маориф, нақлиёт, тиҷорат ва иқтисод, бунёди корхонаҳои муштарак, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ низ мавриди таваҷҷӯҳи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон қарор гирифтанд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста