Чанде қабл сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо машварати корӣ доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар машварат рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015” ва татбиқи амру фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафарҳои кориашон ба ин минтақа бармеояд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин дастур дод, ки барои рафти оқибатҳои обхезиҳо ва ярчу сангрезӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Дастур дода шуд, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини техникаи нав ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маблағ ҷудо карда шавад.
Сарвари давлат ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 нерӯгоҳҳои хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои омодагӣ ба фасли зимистон муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо сӯзишворӣ таъмин карда шаванд.
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
“Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Урумчӣ хатсайри мустақим роҳандозӣ мекунад
Огоҳии КҲФ аз обуҳавои номусоиди рӯзҳои наздик
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста