Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

 «Мӯҳтарам Владимир Владимирович,

 Хабари ҳузнангези обхезии фоҷиавиро дар Кубан, ки боиси талафоти ҳазорҳо ҷони одамӣ ва хароботи бузург шуд, бо андӯҳи гарон дарёфтам.

 Мо дар Тоҷикистон ба андӯҳи халқи дӯсту бародари Русия бо сабаби ҳалокати одамон ва оқибати харобиовари офати табиӣ шарик ҳастем.

 Мӯҳтарам Владимир Владимирович, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимии тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан худамро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон ва орзуи зудтар шифоёбиро ба зарардидагон бирасонед». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари боронгариҳои пайдарпайи чанд рӯзи ахир дар минтақаи Краснодари Русия обхезии фоҷеабор рух дода, шумори қурбониён ба 172 нафар расидааст. Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, ки шумори умумии осебдидагон наздики 20 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.