Ба қавли фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Артиши Русия Владимир Чиркин, лоиҳаи созишнома, ки дар он ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба муддати 49 соли минбаъда пешбинӣ мешавад, аз ҷониби Тоҷикистон қобили қабул шуморида шудааст.
Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, В.Чиркин ба рӯзномангорон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон варианти русиягии созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави кишвараш пас аз соли 2014-ро маъқул медонад.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иншооти бузургтарини низомии Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад. Дар он ҳудуди 7 ҳазор нафар сарбозону афсарон адои хизмат мекунанд. Дар низоми умумии таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ пойгоҳи мазкур як таркиби муҳим ба шумор меравад. Гуфтушунидҳо дар хусуси тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия муддати чанд моҳ идома дошта, Русия хоҳони боқӣ мондани шартҳои пешина аст.
«Лоиҳаи созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба муддати 49 соли минбаъдаро дар маҷмӯъ ҷониби Тоҷикистон қобили қабул мешуморад. Бино ба изҳори мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, онҳо ният доранд, ки ба мувофиқасозии байниидоравии он ҳарчи бештар суръат бахшанд», - гуфтааст Чиркин.
Ӯ иброз доштааст, ки дар лоиҳаи созишнома боқӣ гузоштани тартиботи пешинаи ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон ба таври ройгон пешниҳод шудааст.
«Ҷараёни гуфтушунид босуръат идома дорад. Тамоми муқаррароти созишномаи нав аз ҷониби мо муаррифӣ шуд. Фикр мекунам, ояндаи наздик мо ба натоиҷе хоҳем расид, ки ба ҳарду тараф қобили қабул хоҳанд буд», - афзудааст генерали рус.
В.Чиркин хотирнишон сохтааст, ки «Русия Тоҷикистонро бо «аслиҳаи муосир ва техникаи махсуси низомӣ таъмин мекунад».




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста