Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси навтаъини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва ҳамтои собиқи ӯ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон хонум Флорро бо оғози иҷрои ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, ба ӯ барору комёбӣ хост ва ба собиқ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел барои фаъолияти пурсамараш арзи сипос кард.

Аз рушди мунтазам ва густариши рӯз ба рӯзи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба натиҷаҳои силсилаи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Парлумону Шӯрои Аврупо ва дигар мулоқоту музокироти мунтазам баҳои баланд дода шуд.

Сарвари давлат ба ҷараёни татбиқи Созишномаи ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ ва Стратегияи Иттиҳод барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2007-2013 баҳои мусбӣ дода, изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ба таҳия ва қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар минтақа манфиатдор аст”.

Дар ин замина густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусии он, тиҷорат ва сармоягузорӣ, бахшҳои мухталифи саноат, гидроэнергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ ва дар таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон зарур шумурда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистон ба бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Баррасии авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистони ҳамсоя ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

“Вобаста ба Афғонистон ҳадафи аслии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон таъмини сулҳу субот, амният ва истиқрори ҳаёти осоишта дар ин кишвар мебошад ва мо омодаем, ки баҳри расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории созандаро бо шарикони байналмилалии худ идома диҳем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин робита татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия амри зарурӣ дониста шуд.

Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.