Дар Вашингтон сафири нави Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов ба президенти ИМА Барак Обама эътимоднома супурд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти ҷонибҳо пас аз маросими супурдани этимоднома дипломати тоҷик паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ИМА-ро тақдим намуд.

Барак Обама зикр кард, ки Тоҷикистон дар кори расидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон шарики боэътимоди ИМА боқӣ мемонад. Ӯ таъкид дошт, ки ИМА минбаъд низ ба муносибатҳояш бо Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм, ҷинояткории фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир рушду густариш мебахшад.