Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев, ки пас аз оғози амалиёти низомӣ дар бораи бедарак шуданаш ҲНИТ иттилоъ дода буд, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳаит хабар дод, дар посух ба дархости ҳизб, КДАМ расман иттилоъ додааст, ки Ш.Карамхудоев дар тавқифгоҳи муваққати ин кумита нигоҳ дошта мешавад.

Ба қавли Маҳмадалии Ҳаит, ҳанӯз маълум нест, ки бо кадом сабаб раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ боздошт ва ба шаҳри Душанбе оварда шудааст.