Дар муддати 10 рӯзи пас аз муроҷиати раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба тоҷикистониён ҷиҳати кӯмак ба сокинони осебдидаи шаҳри Хоруғ 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар конфронси матбуотӣ рӯзи 30-юми июл Муҳиддин Кабирӣ аз ҷонибдорони ҳизб ва тамоми сокинони ҷумҳурӣ даъват карда буд, ки ҳадди ақал маблағи якрӯза ифтори худро барои мардуми Бадахшон ҷамъоварӣ намоянд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҲНИТ хабар доданд, дар ҷамъоварии ин маблағ шӯъбаҳои ҳизб, шахсиятҳо, муҳоҷирин, донишҷуён ва шахсиятҳои алоҳида саҳм гузоштаанд. «Масъулияти расонидани кӯмаки башардӯстона ба сокинони Бадахшон ба дӯши Комил Арешов, раҳбари ташкилоти мустақили хайриявии «Дасти ёрӣ» вогузор шуд», - гуфтанд дар ситоди ҲНИТ.
Ба иттилои манбаъ, ҷамъоварии кӯмак ба мардуми Бадахшон то шаби қадр, яъне рӯзи 27-уми моҳи Рамазон идома ёфта, ин маблағи ҷамъшуда низ ба Бадахшон ирсол хоҳад шуд.



Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста