Коммунистони Тоҷикистон аз ҳукуматдорон тақозо доранд, ки таъмини дастрасӣ ба сомонаи Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» барқарор карда шавад.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов дар робита ба ин масъала гуфт, дастрасии аҳолӣ ба иттилоотро қатъ кардан лозим нест, зеро норасоии он дар замони муосир ба пайдоши шубҳаву гумон, ноамнӣ ва овозаҳои беасос дар ҷомеа боис мегардад.
«Ҳар як сиёсатмадори солимфикр ба хубӣ огаҳ аст, ки норасоии маълумот фазои холиро ба вуҷуд меорад ва вазъи имрӯзаи саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иттилооти зиёдеро талаб мекунад ва бахусус ҳангоме ки дар ВМКБ ҷараёни сулҳу субот оғоз гардидааст, арзиши ин иттилоот ба маротиб меафзояд», - гуфт раиси ҲКТ.
Шодӣ Шабдолов таъкид кард, ки ҳамчун сиёсатмадору вакили парлумон чандин маротиба дар бораи ин ё он ҳаводиси ҷаҳону минтақа ва дохили ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» андешаҳои худро баён карда ва «ҳамеша аз сатҳи касбии журналистони ОИ «Азия-Плюс» қаноатманд буд, зеро онҳо дар маводи интишоршуда гуногунандеширо риоя мекарданд».
«Агар кадоме аз иттилооти ОИ «Азия-Плюс» ба ҳукуматдорон маъқул набошаду онҳо онро аз ҳақиқат дур пиндоранд, пас бигзор ба ивази бастани сомона фикру андешаҳои худро доир ба ин масъала баён кунанд», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ӯ муътақид аст, ки тавассути маҳдуд сохтани дастрасӣ ба иттилоот набояд ақидаи худро бо зӯрӣ ба каси дигар талқин намуд.
«Бубинед, муддати аллакай беш аз як сол аст, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия набарди воқеии итттилоотӣ роҳандозӣ шудааст, вале ҳукумати ӯ боре ҳам дастрасии аҳолӣ ба иттилоотро маҳдуд накардааст, - мегӯяд пешвои коммунистон. – Метавон Ҷанги Бузурги Ватаниро низ ба гунаи мисол хотиррасон намуд. Ҳангоме ки шаҳр паси шаҳри дигареро фашистон ғасб мекарданду ҳарчанд барои мардум дардовар бошад ҳам, Сталин онро пинҳон намекард», - афзуд вакили парлумон.
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста