Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз сафирони Руминия, Давлати Ордени Малта ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ этимоднома қабул кард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот бо дипломати Руминия Николае Уреке ҷонибҳо нияти таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқиро таъкид сохта, ҳамчунин самтҳои мутақобилан судманди роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Дар суҳбат бо сафари Давлати Ордени Малта Фабрисио Франческо Виначия (қароргоҳ дар шаҳри Минск) масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи маориф матраҳ шуданд.

Зимни суҳбати Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Африқои Ҷанубӣ Шириш Манаклал Сони ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун табодули назар намуданд. Ҳамчунин Ҳамрохон Зарифӣ изҳори умедворӣ намуд, ки сафири кишвари дӯст дар рафти адои вазифаи худ барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Африқои Ҷанубӣ саҳми сазовор хоҳад гузошт.