Дар изҳороти худ ба аҳолии Бадахшон Толиб Айёмбеков иброз дошт, ки «рӯйдодҳои ахири Хоруғ кори дасти душманони мардуми тоҷик буда, он то ҳанӯз идома дорад». « Мо набояд ба ҷудоиандозӣ миёни миллат роҳ диҳем», - гуфт вай.

Ба гуфтаи Т.Айёмбеков, ӯву бародаронаш «баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ силоҳро ба замин гузоштанд. «Мо омодаем, ки дар назди қонун ҷавоб бигӯем, - таъкид кард ӯ. – Бигзор гунаҳкор будани ин ё он шахсро мақомоти судӣ дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ муайян кунад. Мо аз номи худ ҷавоб хоҳем гуфт. Мо ҷонибдори ҳалли қонунии масъала будем ва ҳамин гуна боқӣ мемонем. Мо ҳамеша баҳри хизмат ба Тоҷикистон ва сиёсати сарвари давлат омодаем».

Айёмбеков аз тамоми шахсони мусаллаҳ даъват кард, ки баҳри амнияти вазъ силоҳҳоро супоранд «Сокинони Хоруғ бесаброна ташрифи президентро интизоранд, то ки тамоми нофаҳмиҳои маҷударо комилан ва бебозгашт ҳал намоянд», - зикр кард ӯ.

«Тӯли 20 соли истиқлол бо ташабббуси президент Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ корҳои ободонӣ сурат гирифтанд, - изҳор дошт Т.Айёмбеков. – Ҳамчунин сол то сол ба туфайли сиёсати дурандешонаи сарвари давлат сатҳи некӯаҳволии мардуми вилоят беҳбудӣ меёбад».

Толиб Айёмбеков ба мардуми Бадахшон муроҷиат карда, аз суханҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «на бо хун, балки бо об шустани хун»-ро ёдовар шуд.