Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Маълумотномаи муҳоҷири корӣ» (Справочник трудового мигранта)-и дар Русия интишоршударо маҳкум мекунад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар ин робита изҳор кард, ки расмҳои муҳоҷирони кории дар ин маълумотнома дар шакли асбобу лавозимоти сохтмон дарҷёфта таҳқир ба эҳсоси миллии муҳоҷирони корӣ аст.

«Дар ниҳояти кор дар Русия бояд дарк намоянд, ки муҳоҷирони корӣ натанҳо барои худ, балки ба кишвари будубошашон низ манфиат меоранд», - гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, ташкилоти «Созандагони Ватан» боисрор аз мақомоти дахлдори Русия дархост мекунад, ки оид ба мусодира ва нест кардани маълумотномаи мазкур чораҳои муассир биандешанд.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 175 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.