Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи иҷроия ва котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев бо президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов қарор шуд, ки нишасти сарони кишварҳои узви созмон рӯзи 5-уми декабри соли равон дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Ашқобод баргузор мегардад. Ин нишаст бояд рӯзи 2-юми ноябр доир мегардид.

Президенти Туркманистон ҳамчунин аз пешниҳоди С.Лебедев дар бораи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ санаи 4-уми декабр дар Ашқобод пуштибонӣ намуд.

С.Лебедев ба санаи дигар гузаронидани нишастро ба зарурати бештар дақиқкорона омодагӣ гирифтан ба ин чорабинӣ, аз ҷумла таҳияи асноде, ки дар нишаст баррасӣ мешаванд, нисбат дод.

Г.Бердимуҳаммедов зикр кард, ки Туркманистон ба дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани баргузории ин чорабиниҳо комилан омода аст. «Ман мутмаинам, ки натиҷаҳои ин чорабиниҳо пурсамар хоҳад буд», - изҳор кард президенти Туркманистон.