Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз барҳам дода шудани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» бо қарори суди шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ менамояд.

Дар изҳороти интишорнамудаи намояндагӣ зикр мегардад, ки намояндагии ИА мӯътақид аст, ки мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандии мустаҳкам ва мустақил пурра бар манфиати Тоҷикистон хидмат мекунад.

«Мо комилан мутмаинем, ки барҳам додани созмони ғайридавлатии «Ампаро» метавонад ба рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад», - омадааст дар изҳорот.

Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, намояндагии ИА ба мақомоти ваколатдори ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат мекунад, то ки қарори худро бозбинӣ намуда, мувофиқи ӯҳдадориҳои бар дӯшгирифтаи Тоҷикистон роҷеъ ба мусоидати озодии иттиҳодияҳо иҷозатномаи фаъолияти созмони «Ампаро»-ро аз нав барқарор намоянд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми октябри соли равон суди шаҳри Хуҷанд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» қарор содир намуд. Раиси ташкилоти «Ампаро» Дилрабо Самадова зикр кард, ки ба адолатнокӣ ва мустақилияти низоми судӣ умедвор буд. «Мутаассифона, мо имрӯз ҳам ба вобаста будани низоми судӣ шоҳид гардидем. Вале мо таслим шуданӣ нестем ва фаъолиятамон дар соҳаи ҳимоят аз ҳуқуқро қатъ карданӣ нестем», - изҳор дошт номбурда.