Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея хонум Пак Кын Хе барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба пешбурди маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Корея аҳамияти хосса медиҳад.

«Боиси қаноатмандист, ки имрӯз байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн робитаҳои гуногунҷанбаи созанда ба роҳ монда шудаанд ва мо ба густариши минбаъдаи онҳо бовар дорем», - омадааст дар барқияи табрикотӣ.