Чанде қабл зимни мулоқоти вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо афири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Робин Орд Смит масъалаи истифодаи қаламрави Тоҷикистон зимни хурӯҷи нерӯҳои низомии бриониёӣ аз Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ба масъалаи тезонидани корҳо дар самти ба имзо расонидани Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Британияи Кабир таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ба иттилои манбаъ, инчуни дар рафти мулоқот масъалаи ба имзо расонидани «Созишнома байни Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар иштироки қушунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» баррасӣ карда шуд.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста