Дар робита ба пешниҳоди чанде аз вакилони Думаи Русия аз ҳизби коммунист перомуни ҷорӣ намудани раводид барои муҳоҷирони кории Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки ин пешниҳод ҳарзае беш нест ва он бо фармоиши нерӯҳои муайяне дар дохил ва ҳаттто шояд дар хориҷи кишвар рӯйи кор омадааст.
«Бархе аз коммунистони русиягӣ ба хотири шуҳрат ёфтан миёни мардум аз пешниҳоди андешаҳои бемаънӣ худдорӣ намеварзанд. Масалан, пешниҳоди сардабири ҳафтаномаи русиягии «Завтра» Александр Проханов бобати дар қаламрави собиқи шӯравӣ ташкил намудани як эътилофи коммунистӣ таҳти унвони «Иттиҳоди славянӣ» (Славянский союз») коммунистони собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба ҳайрату қаҳру ғазаб меорад. Ба ақидаи Проханов, коммунистони Осиёи Миёна бояд «Иттиҳоди мусулмонон»-ро таъсис бидиҳанд, ки ин як ҳарзагӯйие беш нест ва ҳеҷ як сиёсатмадори солимақл инро ҷиддӣ қабул надораду шарҳ ҳам намедиҳад», - таъкид дошт Шабдолов.
Дар идома вай зикр кард, ки бо назардошти изҳороти бемаънии ахири чанде аз намояндагони Ҳизби коммунисти Русия, метавон ба хулосае расид, ки онҳо ба монанди пешвои худ Геннадий Зюганов аз воқеияти имрӯзи Русия дар канор мондаанд. «Барои онҳо имрӯз Русия танҳо Маскаву вилояти Орёл аст», - иброз дошт ӯ.
«Эътимоди намояндагони Ҳизби коммунисти Русия дар Думаи Давлатӣ оид ба кофӣ будани нерӯи корӣ дар дохили кишварашон ва бинобар ин коҳиш додани квотаҳо барои муҳоҷирон дурӯғи маҳз аст. Онҳо бояд ба хубӣ донанд, ки дар манотиқи Русия натанҳо қувваи корӣ намерасад, балки дар деҳоти он кайҳост, ки касе зиндагӣ надорад. Сиёсатмадори ҳушманду иқтисодчии одӣ ҳам дарк мекунад, ки имрӯз Русия ба муҳоҷирони кории зиёд ниёз дорад», - афзуд номбурда.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста